Оё эй тир ту ҷӯяд нишони хеш ?
Мо мезанем қуръа ба мушти устихони хеш
Гардан бизан , бисӯз , бикаш , ҷисму ҷон з туаст
Чун шамъ фориғем зи суду зиёни хеш
Сад раҳ ба ман кашад дилат аммо чаҳ фоида ?
Якбор бишинав аз дили номеҳрбони хеш
Чун шамъ беасар набӯд саргузашти ман
Ҳарфӣ бисанҷ аз лаби оташи забони хеш
Якбори ҳам ба дасти сабо метавон фишонд
Буии гулӣ , ба мурғи куҳани ошёни хеш
Бо зулф , шонаро накунӣ ошно агар
Доне чаҳ май кашами зи дили бадгумони хеш
Сокин машав ҳазин ки ба болин туаст шамъ
Ҳўиӣ бизан ба болу пари нотавони хеш