Як дам ба музди дидаи шаби зиндаи дори хеш
Май хостам чу ашки туро дар канори хеш
Рангин нагашт теғи нигоҳати зхўни мо
Охири шикастаи рангӣ мо кард кори хеш
Чун дар умеди ваъдаи васлат сифед шуд
Кардам зи чашми хеш чу ъбҳр , баҳори хеш
Дорам умеди манзалатӣ аз дилат ҳануз
Бар санг май занам чу гуҳари эътибори хеш
Ҳаргизи камӣ наме кашам аз душмани ғаюр
Бар дидаи сипеҳри нишонами ғубори хубаш
Мо ғусли тавбаро ба шат бода ме кунем
Аз бас ки ташнаем ба хӯни хумори хеш
эй масти ноз , таън асирӣ мазан ба мо
Аз хеши ғофилӣ ки нагаштӣ шикори хеш
Моу баҳор , олами афсурдаро ҳазин
Дорем тоза , аз нафаси мшкбори хеш