Рух барфурӯхтӣ , задӣ оташ ба ҷони шамъ
Гул кард дар ҳузури ту , сӯзи ниҳони шамъ
Парвонаро ба хилват оғӯш ме кашад
Нозам ба гармии дили номеҳрбони шамъ
Кӣ ршиноси маҷлис рӯҳониюн шавад
То ҷисми тираро , нгдозди равони шамъ ?
Ошиқи зи бими қатл , ҳаросон наме шавад
Ҳаргиз касе накард ба теғи имтиҳони шамъ
Дорад нигоҳи ҳасратӣ аз чашми хўнФшон
Ҳоҷат ба арз шавқ надорад забони шамъ
Як илтифот гарм намӯдӣу сӯхтам
Парвона беш аз ин набӯд миҳмони шамъ
То субҳи маҷлис аз ману парвонаи гарм буд
Май сӯхт аз ҳикояти ҳиҷрони забони шамъ
Бе чоки шоми зулф , ки умраши дарози бод
Раҳмӣ накарда бар мижаи хўнФшони шамъ
Шарҳи ҳикояти шаб ҳиҷрон кунад тамом
Гар меҳр хомшӣ назанӣ бар забони шамъ
Шебу шабоб мо натавон ёфтан ҳазин
Яксони гузашти фасли баҳору хазони шамъ