эй нисори раҳи теғи ту сроФшонии шамъ
Доғи савдои ту ороиши пешонии шамъ
То саҳар дар ҳарами васли ту по бар ҷо буд
Каси дарин базм надидам ба гронҷонии шамъ
Он қадри забти забони крдкаҳ дар базми ту сӯхт
Рашк меоядам аз тарзи схндонии шамъ
Хуш ба ороми азин марҳала дар шабгир аст
Сафар аз худ натавон кард ба осонии шамъ
Арақи шарми фурӯи риздш аз пешонӣ
Хаҷал аз рӯй ту шуд чеҳраи нӯронии шамъ
Судӣ аз сӯхтани хирман парвона накард
Лаб гузидан буд осори пушаймонии шамъ
Парда пӯшӣ натавон кард ба расвои мо
Ки либосӣ нашавад ҷомаи урёнии шамъ
Ғаму шодии ҳамаи як коса кунад оташи ишқ
Гиря нокӣ натавон ёфт ба хандонии шамъ
Фикр онаст ки дар пои ту резади ҷон ро
наметавон ёфтан , аз сар ба гиребонии шамъ
Шаб чу созад гул рӯй ту рақами пардозам
Бар сари хомаи занами лолаи нӯъмонии шамъ
Моу дилдори зи як шуъла кабобем ҳазин
Сӯхти парвонаи моро ғами пинҳонии шамъ