Доим ба талхи комӣ ёрон хӯрам дареғ

Бар хон даҳри сифла ба меҳмон хӯрам дареғ

Мушти устихон ба кому гулӯӣ ҳумо кунанд

зи анъоми чарх ? бар лаб ва дандон хӯрам дареғ

Лайлӣ ҳарам нишин сияҳи хона дил аст

Бар саъии пучи обила поён хӯрам дареғ

То хӯрдаам пиёла , пушаймон нагашта ам

Зебад агар ба покӣ домон хӯрам дареғ

Чун Нӯҳ гиря мекунам аммо на бар ҷаҳон

зи олӯдагии доман тӯфон хӯрам дареғ

Дар олимӣ ки аҳл тамизанд аблаҳон

Яксон ба ҳоли зирак ва нодон хӯрам дареғ

Рашк оядаш ба неъмати ман олимӣ , ҳазин

Дар рӯзгори бас ки ба сомон хӯрам дареғ