эй аз рахти машшотаро , сад чашми ҳайрон дар бағал

Монанди субҳи ойӣнаро хуршеди тобон дар бағал

Ҳиндӯии холатро буд чину хутани зери нигин

Зуннори зулфатро буд , сад коФрстон дар бағал

Лаъли қадаҳи нӯши туро , майхонаҳо дар остин

Хати зираи пӯши туро сад ҷӯши тӯфон дар бағал

Субҳи биногваши туро хуршеди тобони хӯшаи чин

Доғи сияҳи пӯши туро сад шоми ҳиҷрон дар бағал

Чашмат аҷаб набӯд агар , дилро нигаҳдорӣ кунад

Дар май парастии шишаро доранд мисатон дар бағал

Буи муҳаббат мешавад пӯшидаи моро дар сухан

Гар буии гул пинҳон кунад боди баҳорон дар бағал

Аз дасти ҷаврат дар чаман эй Юсуфи гули перҳан

Дорад дили сад порае ҳар ғунчаи пинҳон дар бағал

Чок гиребон мекунад чун лолаи расвои ишқ ро

Чандон ки месозад дилами доғи ту пинҳон дар бағал

Дигари куҷои ишқу ҷунун чун лолаи пинҳон ме тавон ?

Доғами ҳам оғӯши ҷигар , чоки гиребон дар бағал

Дорам дилӣ каз нола аш нолад ба сад шеван , ҳазин

Исломёни каъбаро ноқавси рҳбон дар бағал