Нигоҳаш бо асирон бар сар ноз аст ме донам

Ғурури мастии он ҳасан таннозаст , ме донам

Чаҳ ҳад дорам , ки номи панҷаи мижгон ӯ гирам

Тзрўи дил , асири чнгл боз аст ме донам

Ба шамъи анҷумани хокистар парвона ме гуяд

Ки анҷоми муҳаббати рашк оғоз аст ме донам

Кунун зоҳид ки бо риндон нишастӣ тарк тақво кун

Ки тори сбҳаҳи ?ути абрешим соз аст ме донам

Ниҳони холи ту кӣ дар сабза хат метавонад шуд ?

Агар сад пардаи пӯшӣ , нофа ғаммоз аст ме донам

Набахшад дӯди шамъи хонақоҳи ин равшанӣ бо дил

Ки ин нур аз фурӯғи гавҳар роз аст ме донам

Ҳазинро уқдаҳои хотир аз як пурсишат во шуд

Фусуни лаъли ҷони бахши ту , эъҷоз аст ме донам