Тарафӣ ки ман зи паҳлавии дилдор баста ам
Хуноба хӯрдаам , лаби изҳор баста ам
Аз баси маро ба машраби парвона улфат аст
Оташ ба ҷои лола ба дастор баста ам
Шояд шабии шамеми гулии раҳ ғалат кунад
Чашми тамаъ ба рахнаи девор баста ам
Бенола аз дилами нафасӣ сар наме занад
Пайванди дард , бо дили аФгор баста ам
Худро ба ройгон , ҳамаи ҷо арза ме кунам
Бар хеши роҳи гармии бозор баста ам
Он ёри длнўоз дар оғӯш хотир аст
Роҳи назар ба дидаи бедор баста ам
Бе май , лабам ба ханда чу гул во наме шавад
Ақди тараб ба соғари саршор баста ам
Шояд зи куфри уқдаи дил во шавад ҳазин
Аз даст сбҳаҳ додау зуннор баста ам