Рафтем ва ба он қомат раъно нараседем

Мо ҷилва прессатон ба тамошо нараседем

Чун мавҷ саробем дарин водии хунхор

Ҳар чанд тапидем ба дарё нараседем

Аз ақл баридан ба таманнои ҷунун буд

Аз шаҳр гузаштем ва ба саҳро нараседем

Эъҷози лабат буд алоҷи дили бемор

Мо дарди насибон ба масеҳо нараседем

Ангур нашуд ғӯраи мо хоми сириштон

Аз ток буридем ва ба мино нараседем

Афсӯс ки мо дар талаби гумшудаи хеш

Бисёр давидем ва ба худ во нараседем

Гаштем басии домани саҳрои ҷунун ро

Як раҳ ба дили бодия паймо нараседем

Бастем ҳазин аз ҳараму бткдаҳи маҳмил

Аммо ба дар каъба дилҳо нараседем