Ба ин бетоқатӣ ёрб ба дунбол ки мегарем ?

Чунин рангин ба ёди чеҳраи ол ки мегарем ?

Дарин бустони саро дар сояи сарви сарафрозӣ

Ба ҳасрат аз ғами кӯтоҳии бол ки мегарем ?

Саропо гаштаам як чашмтар чун абру ҳайронам

Ба ин тӯфон намедонам бар аҳвол ки мегарем ?

Надидам шамъро беш аз шабии ҳаргиз фурӯ гиряд

Ман оташи ҷигар ёрб , ба иқбол ки мегарем ?

Ҳазини омодаи шабгир чун шамъи саҳаргоҳӣ

Дарин маҳфил ба ҳсртзори омол ки мегарем ?