Ду ҷаҳонаст даркинории худам
Худ хазони худу баҳори худам
Мояи вартар , канорам аз дарёст
Хаҷал аз чашми ашкбори худам
Гоҳ-гоҳеи дилам ба худ сӯзад
Шамъи одинаи мазори худам
Бсмл афтодаам валикин нест
Хабар аз нозанини савори худам
Нашъаи умр , як сабӯҳӣ буд
Рўзгорист дар хумори худам
Дар асиристи сарфарозии ман
Сахт дар қайди эътибори худам
Сулҳ кул кардаам ба халқи ҷаҳон
Марди майдони корзори худам
На ба риндии хушам на бо тақво
Ҳамаи дармондагӣ ба кори худам
Рафтам аз хеш , омадӣ чун ту
Чашм дар роҳи интизори худам
Муҳраи дил дар оташаст сапанд
Гарми ҷонбозии қимори худам
Ба зи сад нақш дилкашаст ҳазин
Рақами калаки мшкбори худам