Мо домани васл ёр дорем

Аз ҳар ду ҷаҳон канор дорем

Соқӣ , қадаҳӣ май сабӯҳӣ

Аз бодаи шаб хумор дорем

Шӯридагӣӣ ки дар сари мост

Зон турра тобдор дорем

Дар синаи хадангҳои корӣ

Зон ғамзаи ҷон шикор дорем

Ин фитна ки рӯзгори мо рост

Зон наргиси фитна бор дорем

Аз ҷилваи ҳасани нави хати ёр

Тӯфони гул ва баҳор дорем

Дар хилвати хок аз туфи дил

Шамъӣ ба сар мазор дорем

Додеми қарори ишқ бо худ

Ҷону дил беқарор дорем

Дар роҳи ту бевафо нишастем

Умрӣаст ки интизор дорем

Аз меҳри ғами туро , ба аз дил

Дар сина доғдор дорем

Ҷон гашта ҳазини асири ғурбат

Мо оина дар ғубор дорем