Лаъли ту масеҳо шуд , бемор чаро бошам ?
Бо наргиси масти ту ҳушёр чаро бошам ?
Ман кофари зуннорӣ , зулфи ту ба дилдорӣ
Сари ришта ба дастам дод бекор чаро бошам ?
Омехтаи шамъи вгл бо булбулу парвона
Танҳо ман девона беёр чаро бошам ?
Мастона хиромедӣ , мастии раҳ ҳушам зад
Дар хоби туро дидам , бедор чаро бошам ?
Ишқ омаду хӯнами рехт , сарсабз нигарадам чун ?
Ғами марҳам дилҳо шуд аФгор чаро бошам ?
Зад ҷони ҳазини ман , чун ҷоми нигоҳат ро
Тақво ба чаҳ кор ояд , ҳушёр чаро бошам ?