Мо Хизри дил ба чашма пайкон фурухтем
Арзон ба теғи ғамзаи раг ҷон фурухтем
Ранҷи ту буд роҳати мо дили фитодагон
эй зуҳд , муждаи бод ки имон фурухтем
Додем гирд ҳастӣ худро ба сайли ашк
Вайронае ки буд ба тӯфон фурухтем
Колоӣ зишт нест писанди мубсирон
Огоҳӣ эй ки буд ба нисён фурухтем
Чизе ки дошт саъии туҳидаст дар бисот
Пои шикаста буд ба домон фурухтем
Ободии харобаи дунё ки мекунад ?
Ин ишваи хонаро ба бахилон фурухтем
Марҳами баҳоии меҳри табибон ки медиҳад ?
Носури доғро ба намакдон фурухтем
Барадем нақди ҳасрату додеми дил ба ту
Хотири гарони мадор ки арзон фурухтем
Ғифлати алоҷи тафриқаи рӯзгор буд
Мижгон агар ба хоб парешон фурухтем
Гиряд ба ҳоли синаи нопухта , кори дил
Мо ин танури сард ба тӯфон фурухтем
Косад шудааст дар ҳамаи бозори ҷинси ноз
Аз бас ки дайн ба габр ва мусулмон фурухтем
Андӯҳи рӯзгор , сувидоӣ дил гирифт
Охир ба деви хотам фармон фурухтем
Иззат ки буд мавҳибати кибриёи ҳазин
Мушкил ба даст омад ва осон фурухтем