Муҳаббат бартар омад аз чаҳ ва чун
Таъолии алъшқи ани наъти иқўлўн
Ниёзи ман буд дар хӯрд нозат
Ки хоҳад ҳасани Лайлӣ , ишқи маҷнӯн
Хиҷолат медиҳад аз навниҳолон
Маро чун беди маҷнӯн , бахти ворун
Ман ва ту ҳар ду гирёнем эй абр
Чаҳ дар кӯҳ ва чаҳ дар дарё , чаҳ ҳомӯн
Валек аз ман басӣ фарқаст бо ту
Ту об аз дида май борӣ ва ман хӯн
Дуанд аз ҷӯши ғам , ашки ману ёр
Ба ҳангоми видоъ аз дидаи берун
Валек аз чеҳраи ашкаши гашти гулранг
Маро шуд чеҳраи сабз аз ашки гулгун
Ҳазин аз тираи рӯзӣ дар шаби ҳиҷр
Ба шамъ субҳ зад оҳами шабихун