Кӯтоҳ монад дасти таманно дар остин

Дорем гиря бе ту чу мино дар остин

То субҳи ҳашар парда нишинаст ҳамчунон

Аз шарми соидат , яди Байзо дар остин

Собит намешавад ба ту хӯни шаҳиди ишқ

Ханҷар ба дасти дорӣу ҳошо дар остин

Миннати худоиро ки дарин хушки соли даҳр

Дорад кафами зи обила , дарё дар остин

Равшани чароғи масҷиду майхона аз ман аст

Дар даст сбҳаҳ дораму мино дар остин

То додаанд хирқаи тақвои зи машрабам

Бӯда сети шиша дар бағалам ё дар остин

Доранд олимӣ чу ҳазини ниёзманд

Дар роҳи теғи нози ту ҷонҳо дар остин