Бигушоӣ зулфу турраи сунбул ба тоб кун

Дар домани насими сабои машк ноб кун

Танҳо зи бода , ранҷ хуморат наме равад

Як ҷуръаи хӯни гарми маро дар шароб кун

Мутриби кафати зи домани матлаб ҷудо мабод

Дастӣ ба тори турраи чанг ва рубоб кун

Зон пештар ки гардиш даврон кунад хароб

Соқии маро ба як ду се соғар хароб кун

Гар бугзарад туро нафасӣ дар ҳавои дӯст

эй дили зи умри хеши ҳамонро ҳисоб кун

Нақшат агар дуруст нишинад дарин бисот

Онро хаёли ҷилваи нақш броб кун

Хоҳӣ агар кушоди дили кори бастагон

Аввали гиреҳи гушойии банд ниқоб кун

Зоҳиди ғурури тақвият аз сар наме равад

Мағзат з метиҳӣаст , кадуӣ шароб кун

Поро бикаш ба домани озодагии ҳазин

Ин гӯшаро з ҳар ду ҷаҳон интихоб кун