Нома ?ут хондам ва май боядам афшон кардан

Қатрае чанд сиришк аз мижаи ғалтон кардан

Баъди азин шиква кунам пеша ки маълумам шуд

Дар дилат карда асар , шикваи ҳиҷрон кардан

Задае таъна ба ҳолам ки чаро сабрат нест ?

Ҳиҷрро сабр наёрад ба дили осон кардан

Гуфтае пер шудӣ дили з ҷавонон баргир

Кофари ишқ маҳоласт мусулмон кардан

Додае бими ман аз ғамза ки хӯнат ҳадар аст

Нархи ҷони каси натавонад чу ман арзон кардан

Додае панд ки бояд зи касон роз наҳуфт

Ғами дилро натавонам зи ту пинҳон кардан

Гуфтае дар ғами мо тарки мурод худ кун

Туу бахшоиш беҳад , ману исён кардан

Кардае манъ ки дидорпрстӣ куфр аст

Ошиқ аз ишқ маҳоласт пушаймон кардан

Гуфтае васл маҳоласт , таманно чаҳ кунӣ ?

Чаҳ кунам ? тарки таманноӣ ту натавон кардан

Кардҳои амр ки домони вараъ пок бишӯй

Аз ҷигари хӯн шудан ва аз мижаи тӯфон кардан

Гуфта будӣ ки чаҳ хоҳад дилат эй саргардон ?

Гирди сари грдмт , он турраи парешон кардан

Ту ва он ҷилваи мастонаи назораи фиреб

Ману ҷон дар сари он сарви хиромон кардан

Ман ба хунини ҷгарии ҷону дил аз каф додан

Ту ба ҷодўнгҳии ғорати имон кардан

Ин ҷавоби ғазали хоҷаи сенаеи сети ҳазин

Хоҳад ин тозаи ғазал , ноз ба девон кардан