Касе донад ки ҳар байташ ба девон мезанад паҳлу
Ки ин матлаъ ба он ҳасан ба сомон мезанад паҳлу
Шаби ҳиҷрони сифед аз гиря шудгар дида , хандонам
Ки чашми ман ба субҳ покдомон мезанад паҳлу
Хск дар дида аз маҳрӯмии шох гулӣ дорам
Ки хори раҳгузор ӯ ба мижгон мезанад паҳлу
Ба шаҳд омехт заҳри оғиштаи коми ман зи дашномаш
Итоби талх ӯ бар шкрстон мезанад паҳлу
Ба хӯни ғалтидаи шамшери шухиҳои мижгонам
Кафи хокам ба бозиҳои Тифлон мезанад паҳлу
Касе каз завқ , дандон бар ҷигар афшурда ме донад
Ки лухти дил ба неъматҳои алвон мезанад паҳлу
Қиёмат хост чун банди қабои нози вокрдӣ
Ба субҳи маҳшари он чок гиребон мезанад паҳлу
Баҳори ишқи маҷнӯни ҳасани Лайлӣ дар бағал дорад
Ба гесуии ту оҳи сунбул афшон мезанад паҳлу
Ҳазин , аз он ақиқ кам сухан дорам лаби хушкӣ
Даҳон ӯ ба айш тангдастон мезанад паҳлу