Доғанд , зи рухсори ту эй рашки чаман ҳо
Чун лола , шаҳидон ба самани зори кафан ҳо
Аз шарм , садафро ба даҳон меҳр хамӯшӣ сет
То шуд садафи гавҳари номи ту , даҳан ҳо
Хӯн дар ҷигари нофаи дил чун нашавад хушк ?
Дар ҳар шикани зулфи ту афтодаи хутан ҳо
Бо чошнии лиззати зиндон ғамат рафт
Аз хотири Юсуфи сафатон , ёди ватан ҳо
Нагузошт ба ҷои оташи ишқи ту сапандӣ
Ман мондаам аз сӯхтаи ҷонҳо тан танҳо
Дорад лаби хомӯш , ҳам оғӯшии маънӣ
Бар чеҳраи андеша ниқобаст сухан ҳо
Дар хок , ҳазини ёди ақиқи лаб ӯ барад
Гирди сари ин хок шавад , хӯни Яман ҳо