Сӯй миҳроб шудам бо май ноби олӯда

Дар бағали мусҳафу доман ба шароби олӯда

Дили сияҳи масту хароб аз асари бодаи дӯш

Бесафо мешавад ойӣнаи оби олӯда

Маҷлис мавъизаам гарм нигардида расед

Аз пем соқии сармасти шитоби олӯда

Рух барафрӯхта аз ғайрат бе бокӣ ман

Арақи шарм , гулашро ба гулоби олӯда

Сунбули ошуфта , дили озурда , нигаҳ , ташна ба хӯн

Абрӯии талхи зи кинам ба итоби олӯда

Гуфт шармати з харобот нишинон ноед ?

Ки дар ӯ доман шайхаст чу шоб , олӯда

Ринди майхонаи куҷои масҷиду миҳроби куҷо ?

Накунӣ номаи аъмол , савоби олӯда

Бо чунин ҳол гушӯдам сари томоту ҳадис

Ҳамаи беҳуда , чу афсонаи хоби олӯда

Беҳиҷобона задам лаъли лабаши бӯса , ҳазин

Бозгаштам ба хароботи ҳиҷоби олӯда