Симини бдно ! шамъи шабистон ки будӣ ?
Ман сӯхтам , ороиши айвон ки будӣ ?
Нагузоштае дайн ба харобот нишинон
Дар савмиъа , ғоратгари имон ки будӣ ?
Хори аҷабӣ буд ба чашм аз раҳи хобам
Дӯшинаи гули ҷайбу гиребон ки будӣ ?
Ошуфта шуд эй боди сабо аз ту димоғам
Дар силсилаи зулфи парешон ки будӣ ?
Ҳар захми ту лаб май макад аз ҷӯши ҳаловат
эй дили ҳадафи новаки мижгон ки будӣ ?
Шаб бо ки нишастӣ , сари зулфат ки ба каф дошт ?
Ҷонони ман , ороми дилу ҷон ки будӣ ?
Пайдо буд аз лаъли ту паймонаи кашӣҳо
эй аҳди шикан бар сари паймон ки будӣ ?
Бе лаъли ту алмос буд рӯзии доғам
эй шӯри қиёмат намак хон ки будӣ ?
Ором нигарадед дарин дашти насибат
эй сайл , хурушон ки ҷӯшон ки будӣ ?
Ҷони маст ҳазин мешавад аз тарзи сафират
Дастони зани хуши лаҳҷаи бустон ки будӣ ?