Танагӣ аз дил наравад то ту миён нагушойӣ
Мушкил осон нашавад то ту забон нагушойӣ
Бехам зулф макун мурғи навомӯзи маро
Ришта аз пои дил бол фишон нагушойӣ
Чок аз он теғи нигаҳ то накунӣ синаи мо
Дар умед ба рӯй дил ва ҷон нагушойӣ
Дил ба асбоби парешони ҷаҳон ҷамъ макун
Фоли ҷамъият аз авроқ хазон нагушойӣ
Бе ниёзонаи ҳазин аз ду ҷаҳон дида бабанд
Чашми хоҳиш ба рухи боғ ҷаҳон нагушойӣ