Чу чашми оинаи ҳайронам аз ҷамол касе

Парӣ ба шиша дил дорам аз хаёл касе

Дарин чаман ба гулу лола нозҳо дорам

Ки хӯни ман чу ҳино , гашта поймол касе

намешавад накунад ҷилва , ҳасан бе парво

Чаҳ шуд ки оина обаст аз инфеъол касе

Ҷаҳонёни паии расвои ҳманди тамом

Худо кунад ки напурсад касе зи ҳол касе

Ба соғари дили оташи мизоҷ май резад

Шароби шуъла ҳал карда , ранги ол касе

Фалаки зи ҳалқа ба гӯашони амр мо гардад

Ба як киришмаи абрӯӣ чун ҳилол касе

Чаҳ ҷилвааст ки чун сояи коиноти ҳазин

Фитода дар қадами нозанини ниҳол касе ?