Зон нури дида , шуд мижа хӯн фишон тиҳӣ
Аз тоир мурод мабод ошёни тиҳӣ
Рашк муҳаббатам нагузорад нафаси кашам
Дил аз ҳадиси шавқ парасту забони тиҳӣ
Тарсам равад зи ёди ту якбораи номи мо
Азкин мо макун дили номеҳрбони тиҳӣ
Хуш зоҳиранд зоҳид бемағзу ҷўзи пуч
Беруни пар аз фиреб , валикини миёни тиҳӣ
Соқии биё ба як ду сабуи даст мо бигир
Дорем соғарӣ , чу кафи ошиқони тиҳӣ
Неро наво намонаду ҷарасро садо гирифт
Моро нашуд зи нолаи ҳазин , устихони тиҳӣ