Ифшоанд насими саҳарии зулфи нигорӣ
Май хости димоғи дили мо , буии баҳорӣ
То бахти насиби назари пок ки созад
Бардошти сабо аз сари кӯии ту ғуборӣ
Бефоида рафт , он ҳамаи ашкӣ ки фишондам
Сероб накардам гули боғӣ , сари хорӣ
Дар мамлакати толеъи мо , субҳ нахандад
Моиему саводи сари зулфу шаби торӣ
Бимаст ки бепарда кунам фоши ғамат ро
Ҳиҷрон ту нагузошт ба дили сабру қарорӣ
Ёр аз назари андохт , дили зори ҳазин ро
эй нола бедард , наомад зи ту корӣ