Хамӯшӣ гузин дар дабистони маънӣ
Ки лафзаст , хоргрибони маънӣ
Надоранд рабтӣ ба ҳам , оташу не
Қалам кӣ буд , марди майдони маънӣ ?
Буридем пайванди лафзи ошноён
Кашидем сар дар гиребони маънӣ
Вафо нест дар гулшани ҳасани сӯрат
Ба сад чашм , гаштем ҳайрони маънӣ
Набошам чаро сархушу пои кӯбон ?
Ба дастаст , зулфи парешони маънӣ
Агар ҳасанро бошад ойӣнаи дорӣ
Буд чашми шоҳдпрстони маънӣ
Шавад зулмати лафз , чун сояи ботил
Барояд чу хуршеди тобони маънӣ
Фалак кист то Рахш даъвӣ битозад
Ба майдони чобуки саворони маънӣ ?
Саробаст лафзӣ ки ҷон дар таниш нест
Лабӣ тар кун аз оби ҳайвони маънӣ
Ҳазин аз дили равшанат ғарқ нурем
Чроғист дар зери домони маънӣ