Ман сайдаму дом , зиндагонӣ
Зиндони мудом , зиндагонӣ
Бошад ба мазоқи пухтаи мағзон
Андешаи хом , зиндагонӣ
Ком аз лаб ёр барнаёмад
Кардам ноком , зиндагонӣ
Ҷамшеди манам , агар барояд
Бо соқӣу ҷом , зиндагонӣ
Бе шаҳди лаби шукри фурушат
Заҳраст ба ком , зиндагонӣ
Хосони ту , аз ҳаёт сайранд
Арзонии ом , зиндагонӣ
Дорад аҷал аз ҳаёти ман нанг
Нозам ба кадоми зиндагонӣ ?
Субҳи нафасам ба сад кудурат
Оварда ба шоми зиндагонӣ
Ҷузи ман ки зи ишқ дар ҳаётам
Нобӯда ба воми зиндагонӣ
Дар як шаби ҳиҷри ёр чун шамъ
Кардем тамом , зиндагонӣ
Гирдоби бало буд ҳазин ро
Бе гардиши ҷом , зиндагонӣ