Ду хасм дода ба ҳам даст ва ин фигори яке
Яке ту душмани ҷонӣу рӯзгори яке
Ба хӯни ман ду зибардаст , ҳам забон шуда анд
Нигоҳи масти яке , чашм мегусор яке
Ду фитнагар ба камӣни дили рамидаи мост
Каманди турраи яке , зулфи тобдори яке
Яке , ду карда ғамамро фиреби ваъдаи ту
Балои ҳиҷри яке , дарди интизори яке
На дар дилӣ ва на дар дидаи хароби маро
Азин ду хона , наомад туро ба кори яке
Ним ба ҳиҷри ту танҳо , ду ҳамнишин дорам
Дили шикастаи яке , ҷон бе қарори яке
Ба андалеби чамани навбат фиғон нарасад
Ҳадиси ҷаврат агар гӯям , аз ҳазор яке
Кунун ду силсилаи ҷунбон буд ҷунуни маро
Хати абири шамемати яке , баҳори яке
Хадангҳои тағофул хато наме гардад
зи шасти ғамзаи ?ут , эй нозанини савор , яке
Гадоу шоҳ ба танҳоӣ аз ҷаҳони рафтанд
Дарин диёр , ба ёрӣ нашуд дучор , яке
Ба даҳр , улфат ва инсоф нест ёрон ро
Яке ҳариф нишотасту сӯгвор , яке
Згрди ҳодисаи майдони рӯзгор пар аст
Худо кунад ки барояд азин ғубор , яке
зи базми васл , ҳазини ин қадар хабар дорам
Ки бихўдонаҳ , серум дошт даркинори , яке