Ҳиҷр дар домани дили рехтаи хори аҷабӣ
Гулбуни ҳасрати мо , карда баҳори аҷабӣ
Нохунам теша шуд всинаҳи ман кӯҳ ғам аст
Задаам даст , далерона ба кори аҷабӣ
Судӣ аз давлати ҳамсоягӣ моҳ накард
Зулфи ҳиндӯии ту , дорад шаби тори аҷабӣ
Дида , ҷузи булъаҷабӣ ҳеҷ набинад дар ҳинд
Фалак андохта моро ба диёри аҷабӣ
Шамъ , сарриштаи афсона ба каф дод , ҳазин
Дӯш бо доғи ту , дил дошт шумори аҷабӣ