Чун худ агар ишва гарӣ доштӣ
Аз дили зорам , хабарӣ доштӣ
По ба сар ман наниҳодӣ ба ноз
Гар зи ман афтода тарӣ доштӣ
Муфт нарафтӣ зкФми зулфи ту
Гар шаби бахтам саҳарӣ доштӣ
Умр ба ҳиҷрат гузаронадам , тамом
Кош ба хокам гузарӣ доштӣ
Захмии мижгон ту мешуд , чу мо
Гар дили зоҳид , ҷгарӣ доштӣ
Ба шудӣ аз лаъли масеҳои ту
Дардам агар чора гарӣ доштӣ
Ҳанзал ҳурмон нашудӣ қисматам
Нахли вафогар самарӣ доштӣ
Қадари дил мо нашудӣ кам зи хок
Раҳм ба дилгар қадре доштӣ
Дида наме буд агар боди даст
Ҳар раги мижгон , гуҳарӣ доштӣ
Хор нагаштӣ раги райҳон , агар
Ғолия аз хок дарӣ доштӣ
Дод дилам додӣ , агар ёри ҳам
Дилбар бедодгарӣ доштӣ
Кор , шудӣ бар дили девона , танг
Сина агар бом ва дарӣ доштӣ
Фасли чаман , ғунча наме буд дил
Дар каф агар мушт зарӣ доштӣ
Сина шудӣ ҷўни ҷараси аФғонкдаҳ
Марги дил ар навҳа гарӣ доштӣ
эй дили афсурда , чаҳ шуд шӯришат
Оҳи қиёмат асарӣ доштӣ
Матлаби парвона , раво шуд ҳазин
Коши ту ҳам бол ва парӣ доштӣ