Ба нокомии гузашт , эй шохи гул , давр аз ту айёмӣ

Касеро чун барояд коми дил аз чун ту хўдкомӣ ?

Дарин муддат ки оҳами нома буду ашки ман қосид

На ёд аз нома ам кардӣ ва на шодам ба пайғомӣ

Агар айбам ба расвоӣ кунӣ , дорбми маъзӯрат

Паии дил , ҳаргиз эй номеҳрбон , наниҳодае гомӣ

Тавон афрӯхт шамъи кушта аз ҳар тори мӯии ман

Дарин маҳфил ки дорад даъвии ишқи ту , ҳар хомӣ

зи неъматҳои алвони муҳаббат , лиззатӣ дорам

Кабоби ман намак судаст , аз ашки ҷигари фомӣ

Чу хуршед аз дили пари хӯни худ ратл гарон дорам

Ба давронҳо магари ёбӣ , чу ман хӯни дили ошомӣ

Фаромӯшӣ ҳаддӣ дорад , тағофул муддатӣ дорад

Дуъогӯии туам , дилро тасаллӣ кун ба пайғомӣ

Ба норъноиии шамшод , камтар дар ҷаҳон дидам

Кунун дар сояи сарви ту пидокрдаҳи андомӣ

Надорад ҷои доғии дафтари дил , то қалам гунҷад

Бҳмди аллоҳ , китоби ишқро , додеми анҷомӣ

Биҳиштӣ рӯй ман дорад ба сӯем гӯшаи чашмӣ

зи неъматҳои ҷинат қисматам гардӣда , бодомӣ

Марои бахти сияҳ , саргашта дорад вар на дар кӯяш

Сифедӣ мекунад дар интизорам , дидаи домӣ

Дар он олам ки ишқ ӯ маро дорад , наме бошад

Баёзи гардани субҳӣ , саводи турра ӣ шомӣ

Дарин қаҳти алрҷол , овоза дорад хоки хомӯшон

Ба ҷузи санги мазор , имрӯз набӯд соҳиби номӣ

Ҳазин аз дарди токӣ метавон гирданд болинро ?

Магар бар бистари хоби адам , гирем оромӣ