Ба ҷилва , ҷомаи сабри маро қабо кардӣ
Ба як нигаҳ , ману дилро , зи ҳам ҷудо кардӣ
Машоми Юсуф агар мешунид буии ту ро
Ҳазор ҷомаи ҷон дар ғамат қабо кардӣ
Дилами зи доғи ту эй ишқ , ком хеш гирифт
Азин гуҳар , садафамро гаронбаҳо кардӣ
Намози зоҳиди афсурда май гузашти зи арш
Агар ба сарви қади ёр , иқтидо кардӣ
Ҳазин , ба тарзи ншиди ту офарини бодо
Лабам ба замзамаи ишқ , ошно кардӣ