зи нақши хат ки ба рухсор арғавон зада Эй

Рақам ба хӯни ман эй нозанин ҷавон зада Эй

Кунун наҳй зи қафаси миннатам ба озодӣ

Ки оташам ба хасу хор ошён зада Эй

Тиҳии канори ду олами зи дайн ва дил гардад

зи тарзи домани нозӣ ки бар миён зада Эй

Ҳинои пои ту хӯнам нашуд , гуноҳам чист ?

Ки по ба бахти ман эй шӯх саргарон зада Эй

Шаби фироқу висолам чу шамъ яксон аст

Кунун ки аз табу тоб , оташам ба ҷон зада Эй

Ҳилоли ман шафақ аз хӯн хештан дорад

Ба дили хадангам аз абрӯии шх камон зада Эй

Ба гоҳи нукта , ҳазин аз лабати шукри резад

зи бӯсае ки бар он хок остон зада Эй