Ба гулшани ғунча , ёд аз нӯшхандон медиҳад мо ро

Нишонеи сарв , аз боло баландон медиҳад мо ро

Накард он ғунчаи лаб дар мастем ҳар чанд кӯтоҳӣ

Хаёли наргисаш , мастии ду чандон медиҳад мо ро

Кунам қолаби тиҳӣ , чун нақши пои байнам ба роҳ ӯ

Хабар аз ҳоли зор мустамандон медиҳад мо ро

Асири печу тоби мавҷи ашки олӯдаи мижгонам

Фиреби сунбули гесу баландон медиҳад мо ро

Забонаши ошно ҳаргиз нашуд бо ҳарф бе мағзӣ

Қалам , пайғомӣ аз мушкил писандон медиҳад мо ро

Ба дашт аз ҷилваҳои лола , доғам тоза ме гардад

Ки ёд аз синаҳои дардмандон медиҳад мо ро

Ҳазин , назораи гули навбаҳорон дар гулистон ҳо

Тасаллӣ бо хаёл арҷмандон медиҳад мо ро