зи мижгони сохтам гулгун , чунон рӯй биёбон ро
Ки доғ лола кардам , мардуми чашми ғизолон ро
На онам каз ҷафои ишқ , осон даст бурдорам
Ба домони қиёмат май барам , чоки гиребон ро
Саводи дидаи ман , сӯрати нақш нигин дорад
зи бас афшурдаам бар чашм хӯн олуд , мижгон ро
Абири олӯдаи бӯе , мағзи гулро атсаи зан , дорад
Магари даст сабо зад шона , он зулфи парешон ро
Нигоҳат норасо меуфтад аз дилҳои муштоқон
Ба кӯтоҳии мабодои шуҳрасозӣ , мади эҳсон ро
Саросари сарфи шабҳои ҷудоӣ мешавад умрам
Барои сӯхтан чун шамъ , дорам риштаи ҷон ро
Гузашти он ҳам ки дилро аз шаҳодат шод ме кардам
Кашид аз синаам бе раҳмии сайёди пайкон ро
Хаданги ноз бепарво , нигоҳи аҷзи номаҳрам
Ки дигар бар сар раҳм оварад , он номусулмонро ?
Ҳазин , сар сабз дорад донаамро партави лутфаш
Нигаҳдорд худо аз чашми бад , он барқи ҷавлон ро