Шӯри мастӣ аз дили девона мо шуд баланд
Бонги нўшонўш аз майхона мо шуд баланд
Сайли ишқи оғози вайронӣ , нахуст аз мо ниҳод
Аввали ин гирд аз дили девона мо шуд баланд
Гашти кайфияти ду боло аз дили мо дард ро
Нашъаи ин бода аз паймона мо шуд баланд
Навҳа кардан дар ҷаҳон бар зиндагӣ одат набӯд
Аввали ин шевани зи меҳнати хона мо шуд баланд