Орифон чун дам аз лақо зада анд

Нақши маънӣ ба муддао зада анд

Он сухан чун ба гӯш омма расед

Ҳаркасӣ бар мурод худ фаҳмид

Кори биноу кӯр яксон нест

Гӯшро , кори чашм шоён нест

Гӯши дил , гӯш тезҳӯшон аст

Гӯши ҳис , аз дрозгўшон аст

Теғи тези забони донои дил

Ҳаст фарқони рост аз ботил

Бо забони навбати шаҳии здҳом

Сикка бар зари даҳ диҳӣ зада ам

Ҳар фасодӣ ки дар ҷаҳон бошад

Аз забон муқаллидон бошад

Ҳилла , ҳаши дор , то зиён накунӣ

Сари худ дар сар забон накунӣ

Тӯтӣ аз гуфт худ қафас гир аст

Май пурди шод , то нафас гир аст

Кӯрии ноқисон з дид ба аст

Пеши ман , мункир аз мурӣд ба аст

Пари шоҳин куланг андозад

Пари тақлид , хӯн ҳадар созад

Аблаҳӣ , дар ҳамоқати ободӣ

Ба ҳавоӣ паридан афтодӣ

Баст бар худ , ду боли каркас ро

Зиндагӣ хуш набӯд нокас ро

Шуд фарози баландтар бомай

Каз паридан баровард номӣ

Аз пари орият ба дом афтод

Бол бар ҳам заду з бом афтод

Ончии мақсӯди аҳл таҳсил аст

Бениши ҳақ ба ҷамъ ва тафсил аст

Чун шавад ҳосили ин хуҷастаи калом

Орифи онро лақои намояди ном

Бениш ваҳдатаст дар касрат

Руят касратаст дар ваҳдат

Ваон ба навъе ки аз камоли назар

Нашавад ҳеҷ як , ҳиҷоб дигар

Дар тамошои халқ ҳақ бинад

Рухи хуршед , дар шафақ бинад

Халқ бинад зи ҷилваи азалӣ

Чунки бошад дўбинӣ аз ҳавлӣ

Бошад аднии маротиби тақво

Иҷтиноб аз ҳаром , дар маънӣ

Охирин поя , назд соҳиби сайр

Тақвои дили Абудои зи руяти ғайр