зи ибтидои ҳудуси худ инсон
То ба ҳангом рафтанаши зи ҷаҳон
Ҳаракот табиаташ бошад
Интиқолот фитраташ бошад
Шуд ба ҳар сӯратӣ ки базми оро
Лами изли интқли илои алохро
Ба ҳамин баъди риҳлат аз дунё
Ба сирот худаст , раҳи паймо
Гар намояди мусоидати тавфиқ
Анаи хайри соҳибу рафиқ
Кунад аз ҳар мақому манзили нақл
То шавад муттасил ба олами ақл
Ин ба шартӣ ки аҳл он бошад
Ҷавҳараш аз муқаррабон бошад
ё ба аҳл ямин кунад пайванд
Ба тавассут агар буд хурсанд
Вар буд мисли табъи шайтонаш
Бахт созад қарини хизлонаш
Ҳашар ӯро кунанд бо ҳашарот
Оқибат воҷибаст ҷамъи штот
Шавад охир , ба деву дади маҳшур
Дар зломи нишебгоҳи ғурур
Маънии мутлақи сирот ин аст
Пеши чашмӣ ки поку ҳақ байн аст
Аз сироти ончӣ мустақӣм ояд
Раҳбари ҷинат ва Наим ояд
Соликаши сокин ҷинон гардад
Мавриди раҳмат ва амон гардад
Раҳи тавҳид , маърифат бошад
Ҷодаи танг муъаддилат бошад
Ки тавассути миён аздод аст
Инҳироф аз тавассут , эҷод аст
Шарти ин раҳи шинос дар ҳар ҳол
Илтизоми сўолҳи аъмол
Шаръу миллат , сирот ҳақ бошад
Соликаш бар смот ҳақ бошад
Чун дами теғи тез , борӣк аст
Бе чароғи далел , торик аст
Дида рогар худоӣ нур диҳад
Дар риёзат , дил сабур диҳад
наметавонад сулӯки ин раҳ кард
Хома ин гуфту қисса кӯтаҳ кард