Боғи айши ман биҷои гули ҳама хор оварад
Оре , ин нахлӣ ки ман дорам , ҳамин бор оварад
Кӯҳ аз сайли сиришкам дар садо ояд , балӣ
Гиряи ман сангро дар нола зор оварад
Олимӣ дар гиряаст аз нолаи ҷонсӯзи ман
Навҳае каз дарди хезади гиря бисёр оварад
Гар дили озурдаро ҷузи доғ ӯ марҳами нуҳум
Бар дили он марҳам шавад доғӣ ки озор оварад
Ҳар ки абрӯӣ ту диду моил миҳроб шуд
Зуд бошад каз хиҷолати рӯ бдиўор оварад
То зи хуршеди ҷамолат гарм шуд бозори ҳасан
Ҳар дами ин девонаро савдо ббозор оварад
Пой бар фарқи ҳилолӣ на , ки баҳри мақдамат
Ҳар замони сад гавҳар аз чашми гуҳар бор оварад