Ёри мо ҳаргиз ниёзорад дили ағёр ро

Гул саросар оташаст , аммо насузад хор ро

Дигар аз бетоқатӣ хоҳам гиребон чок зад

Чанд пӯшами синаи ришу дили аФгорро ?

Бар ман озурда раҳмӣ кун , худоро , эй табиб

Марҳамӣ на , каз дилами беруни баради озор ро

Боғи ҳасанат тоза шуд аз дидаи гирёни ман

Чашми ман об дигар дод он гули рухсор ро

Рӯзи ҳиҷр аз хотирами андеша васлат нарафт

Орзӯии сиҳҳат аз дил кӣ равад беморро ?

Ҳол худ гуфтӣ : бигӯ , бисёру андак ҳарчӣ ҳаст

Сабри андакро бигӯям , ё ғам бисёрро ?

Дидани дидори ҷонон давлатӣ бошад азим

Аз худо хоҳад ҳилолии давлати дидор ро