намехоҳаму кунҷӣ ки ба ҷуз ёр набошад

Ман бошам ва ӯ бошад ва ағёр набошад

Онҷои асари раҳмати ҷовид тавон ёфт

Конҷои зи рақибони ту осор набошад

Ҳарҷо ки ҳабибаст ба паҳлавӣ рақиб аст

Дар боғи ҷаҳони як гул бехор набошад

Бар ман , ки гирифтори туам , раҳми мФрмоӣ

Раҳмаст бар он кас ки гирифтор набошад

Мо хона харобем ва надорем паноҳӣ

Вайронаи моро дар ва девор набошад

Тақсири вафои расм рақибаст , аҷаб нест

Ҳаргизи саги девона вафодор набошад

Беёр ба олам натавон буд , ҳилолӣ

Олам ба чаҳ кор ояд агар ёр набошад ?