То силсилаи зулфи ту занҷир ҷунун шуд

Вобастагии ин дили девона фузун шуд

Шарманда шуд аз акси ҷамолати мау хуршед

Вази оризи гули ранги ту дили ғунча хӯн шуд

Хӯн шуд дили ман , дам бидам , аз фурқати дилбар

Зон рӯи зи раҳи дидаи хўнбор бурун шуд

Онҷо , ки саборо гузарӣ нест , ки гуяд :

Ҳоли дили ин хаста , бадалдор , ки чун шуд ?

Ҳар чанд қадат , рост , ҳилолӣ , чу алиф буд

Аз бори ғами дӯст , бики бор , чу навен шуд