Рӯзи ҳиҷрони ту , ёрб ! зи куҷо пеш омад ?
Ин чаҳ рӯзӣаст ки пеши ман дарвеш омад ?
Он балое ки зи андеша он мемардум
Оқибати пеши ман оқибат андеш омад
Бо қади ҳамчуи хаданг аз дили ман беруни ой
Ки марои тири бало бар ҷигар риш омад
Чашм бар ҳам мазан ва ҳар тараф аз нози мубин
Ки баряш дилам аз ҳар мижаи сад неш омад
Ҳоли худро чу баҳол дгарон санҷидам
Камтарини дарди ман аз дарди ҳама беш омад
Рӯз бигузашт , ҳилолӣ , шаб ҳиҷрон барисед
Ваа ! чаҳ рӯз сияҳаст ин ки маро пеш омад !