Ошиқон , ҳар чанд муштоқ ҷамол дилбаранд

Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқ таранд

Ишқ менозад ба ҳасан ва ҳасан менозад ба ишқ

Оре , оре , ин ду маънӣ ошиқ якдигаранд

Дар гулистонгар ба пои булбулони хории хулд

Нави арӯсони чамани сад ҷома бар тан ме даранд

Ҷони ширин бо лабат омехт , гуё , дар азал

Гавҳари ҷони ману лаъли ту аз як гавҳаранд

эй рақиб , аз манъ мо бигузар , ки ҷонбозони ишқ

Аз сар ҷон бигузаранд , аммо з ҷонон нагузаранд

Мардум ва раҳмӣ надидам зин батон сангдил

Ман намедонам мусулмонанд , ё худ кофаранд ?

Бо тани лоғар , ҳилолӣ , аз ғами хубони манол

Тан агар бгдохт , бокӣ нест , ҷон ме парваранд