Ринди лаби ташна чаро ҷом шаробӣ назанад ?

Чун касе бар ҷигари сӯхта обӣ назанад

Ҳар ки хоҳад ки дамӣ ҷом кашад , ҳамчуи ҳубоб

Хаймаи ишқ чаро бар сар обӣ назанад ?

Шаҳр вайрон кунам аз ашки худ , эй ганҷи мурод

То дам аз ишқи ту ҳар хона харобӣ назанад

Бо ҳама машк фишонӣ натавонади сунбул

Ки хами зулф туро бинад ва тобӣ назанад

Ёр бад хуаст , ҳилолӣ , тамаъ хом макун

Бо ҳазар бош , ки шамшер итобӣ назанад