Чу лолаи синаи ман коши пора пора кунанд !
Ба доғҳои даруни як ба як назора кунанд
Ба пеши ёри диламро , чу ғунча , бишкофанд
Ба ӯ ҷароҳати пинҳонам ошкора кунанд
зи сайли дидаи харобам , зи сӯзи синаи кабоб
Миёни оташу обам , зи ман канора кунанд
зи ашку чеҳраи зардам агар наянд огоҳ
Шабии тафаҳҳуси он аз ма ва ситора кунанд
Бар остони вафои сар ниҳодаам умрӣ
Ки дар ҳисоби сагонаши маро шумора кунанд
зи теғи таъна ба як бори ним кушта шудам
Наузи биллоҳ ! агар таъни ман дубора кунанд
Дили ҳазини ҳилолии зи дарди ҳиҷрони сӯхт
Барои дарди дил ӯ ба лутф чора кунанд