Ҷой онаст ки шоҳони зи ту шарманда шаванд

Салтанатро бигузоранду туро банда шаванд

Гар бхоки қидмати саҷдаи муяссари гирд

Сари фарозони ҷаҳони ҷумла сар афганда шаванд

Бар сари хоки шаҳидон агар уфтад гузарат

Куштау мурда , ҳама аз қидмат зинда шаванд

Ҷамъи хубони ҳама чун кавкабу хуршеди туе

Ту буруни ой , ки ин ҷумла пароганда шаванд

Ҳеҷ завқӣ ба азин нест ки : аз ғояти шавқ

Чашм ман гиряд ва лабҳои ту дар ханда шаванд

Гар ту он талъат фаррух бинмое рӯзӣ

Тираи рӯзони ҳама бо толеъ фархунда шаванд

Агар инаст , ҳилолӣ , шарафи пояи ишқ

Ҳамаи каси толиби ин давлат поянда шаванд