Маро , чун дигарон , ёди гул ва гулшан наме ояд

Ба ғайр аз ошиқии кор дигар аз ман наме ояд

Ҳавас дорам ки : дузами чоки дил аз тори гесуяш

Вале чандон гиреҳ дорад , ки дар сӯзан наме ояд

Таъаҷҷуб чистгар ман дар висолаши фориғам аз гул ?

Касеро пеши Юсуфи ёд пероҳан наме ояд

Мунаввар шуд ба ташрифи қудумаши хонаи чашмам

Балӣ , ҷузи мардумӣ аз дида равшан наме ояд

Ту бдхўиӣ , ки дории қасди ҷони ошиқон , вар на

Касеро аз барои ошиқӣ куштан наме ояд

Ба ҷои хоки поиши тўтёи ҷустам , надонистам

Ки : кори серума аз хокистар гулхан наме ояд

Ҳилолии ашк май борад , бирав доман кашон магзар

Таъаллул чист ? чун гардӣ бар он доман наме ояд