Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред

Тарафи домани Бамён бар заданашро нигаред

Халъати ҳасану камари таркиш нозаш байнед

Ақди дастори басар бар заданашро нигаред

Ҷониби гиряи ман чун нигарад аз сари ноз

Ханда бар ҷониби дигар заданашро нигаред

Шӯхи ман маст шуд ва соғар мезад басарам

Шухӣу мастӣу соғар заданашро нигаред

Ногуҳи он шӯх дарун омад ва сар зад ҳама ро

Маст дар маҷлиси мо сар заданашро нигаред

Чун бидон қомат раъно кунад оҳанги чаман

Таъна бар сарву санавбар заданашро нигаред

Мункири оҳи ҷаҳони сӯз ҳилолӣ машавед

Ҳар дами оташи бҷҳон дар заданашро нигаред